МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14505)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин нуфус дӯстони Туанд ва ин ҷамъ ёрони Ту ва ин анҷуман парешони Ту. Аз насими иноят муҳтаззанд ва аз шамими мавҳибат машом муаттар, таҷаллии раҳмате кун ва тасаллии мавҳибате бахш, дилҳо озод кун ва ҷонҳоро зинда ба бахшиш ва атои маздод намо, дар савни ҳимоятат сиёнат фармо ва дар Амри азим ва султони мубинат истиқомат бахш. Халқи ҷадид кун ва рӯҳи тафрид бидам. Оташи ҳубб ва иттиҳод дар қулуб барафрӯз ва пардаи авҳоми мухталифа бисӯз, собит ва росих кун, нобит ва босиқ фармо. Абвоби ато бикушо, ҷоми сафо ба давр ор, базми иноят биёро ва мавоъиди мавҳибат нозил фармо, то самоӣ гарданд, Малакутӣ шаванд. Антал– Карим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14506)

Аллоҳу Абҳо Эй нозир ба ваҷҳ, таваҷҷӯҳ ба Малакути Абҳо ва ҷабарути ғайби амо кун ва муноҷот намо ва бигӯ:  Эй Парвардигори Меҳрубон, Эй Яздони Пок, ин бандаи заъифро дар зилли Калимаи Раҳмоният мақарр деҳ, ва ин абди ҳазинро дар сояи шаҷараи сурур маъво бахш, ва ин бенасибро насибе иноят кун, ва ин бебаҳраро баҳрае бахш. Аз баҳри иноят қатрае бирасон, ва аз наҳри мавҳибат рашҳае мабзул кун, то ҳаёти тоза ёбам ва мавҳибати беандоза ҷӯям.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14507)

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Меҳрубоно! Ин ҷамъ муҳиббон ва дӯстони Ту, окифи кӯи Туанд ва дилдодаи рӯи Ту ва ошуфтаи роҳ дар ҷустуҷӯи Туанд. Парешонанд ва дилрешонанд ва бесару сомонанд, раҳме фармо ва марҳамате кун, ки дар зилли Сидраи Раҳмоният ба лаҳазоти айни иноят манзур гарданд, ва дар сояи ҷаноҳи мавҳибат биёраманд. Ташнагони зулоли алтофанд, бар баҳри аъзам ворид кун, ва гумгаштагони бодияи иштиёқанд, ба қибоби васлат роҳ бинамо, асири занҷири ҳубби Туанд аз ҳар қайде озод фармо, ва далели роҳи рости ризои Туанд, далолат фармо. Ташнаи салсабили Туанд, сероб кун, ва хастаи тири ҳиҷрони Туанд, ба нафаҳоти башорати васл масрур фармо. Ҳол, ки ҷамоли нуронӣ аз уфуқи имконӣ мастур фармудӣ ба насоими риёзи Малакутат ҷон эҳсон кун ва фуюзоти шифоҳияи калимотатро манъ фармудӣ, фуюзоти ғайбияи руҳонияро арзон кун. Пок Яздоно! Мутазарреъ ба даргоҳи Аҳадиятанд, ба фарёд рас ва мубтаҳил ба боби Ҳазрати Вoҳидиятанд, малҷаъ ва паноҳе бибахш. Туӣ Муқтадир ва Меҳрубон, ва Туӣ Тавоно ва Раҳмон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14508)

Ҳувалабҳо! Эй Яздони Раҳмон! Ҷонам фидои хоки остонат, бӯи хуше ба машомам расон ва ба кӯи Хеш далолат фармо, бечораам чорае кун, овораам дили сад пора деҳ, муниси ҷонам бош ва роҳат ва масаррати виҷдонам гард, чун иноят кунӣ, унс аст ва чун адолат намоӣ, ваҳшат аст. Туӣ Раҳим ва Карим ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14509)

Ҳувалабҳо! Эй Худованд, Ту шоҳид ва огоҳӣ ки дар дил ва ҷон ҷуз орзуи ризои Ту муроде надорам, ва ҷуз дар базми Мисоқ роҳе ва коме наҷӯям. Шаб ва рӯз дардманди дарди Туам ва рӯз ва шаб маҷрӯҳи теғ ва хаданги Ту, ҷуз ба Малакути Абҳоят нола ва фиғон накунам ва ҷуз дар паноҳи Аҳадиятат амн ва амон наҷӯям. Безор аз ҳар бегонаам ва ба ягонагии Ту дил бастаам, аз ғайри Ту безорам ва аз модунат дар канор. Эй Парвардигор, муваффақ бидор, то аз савдоиёни Ту гардам ва аз шайдоиёни Ту шавам, сардафтари маҷнунони рӯи Ту гардам ва расвоиёни кӯи Ту. Ин мавҳибатро шоён фармо ва ин иноятро ройгон кун. Туӣ Парвардигор ва Туӣ Омурзгор.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14510)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин азизон залили сабили Ту гаштанд, ва ин маҳруён дар роҳи муҳаббатат ба хун оғуштанд, ҳар синае монанди оина пора– пора гаштанд ва ҳар диле аз об ва гил озода, шарҳа– шарҳа шуда, сарҳои бузургвор дар зери пойҳои ҷуҳҳол поймол шуда, ҳанҷари нуронӣ ба ханҷари нуфуси зулмонӣ озурда гашта, ва ғуруби Раҳмонӣ ба саҳоми Шайтонӣ хаста гардиданд. Ин нуфуси нафиса дар дасти ҳар хасисе гирифтор шуда, ва ин вуҷуҳи нурония ба ғубори туғёни мазоҳири шайтоние афсурда гашта. Эй Парвардигор, аз он ҷоми саршор қатрае нисор фармо, ва аз он гулшани фидо нафҳае ба машоми ман ор, то мунҷазиби офоқ гардам ва саргашта ва савдоии он Ҷамоли пуранвор шавам ва ҷон ва равон қурбон намоям, ва алайкат  таҳияту вас сано.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14511)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди меҳрабон, мӯри заифам ҳашмати Сулаймонӣ бахш, зарраи фониям аз партави Шамси Ҳақиқат намоён фармо. Қатраам амвоҷи дарё бахш, пашшаам, уқоби авҷи иззат фармо, залилам дар малакутат азиз кун, бе ном ва нишонам, нишони таъйид бахш.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14512)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин ҷавҳари аброрро ёр ва ёвар бош, комкор кун, бузургвор намо, ҳамвора машом аз нафаҳоти қудс муаттар кун ва дар ду ҷаҳон рӯи мунаввар намо, ва хӯи муанбар. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14513)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори омурзгор, ин мурғони беошёнро дар ҳадиқаи сабот ва истиқомат дар шохсори Сидраи Мунтаҳо паноҳ иноят фармо, ва ин моҳиёни луҷаи тавҳидро дар баҳри аъзами иноятат ғувс деҳ, ва ин бесомонони саҳрои муҳаббататро дар каҳфи манеъ ва малози рафеъи ҳифз ва ҳиросатат манзил ва маъво эҳсон кун. То ба авн ва фазл ва ҷудат дар самои вуҷуд чун анҷуми ҳидоят бидурахшанд, ва дар анҷумани олам чун чароғҳои муҳаббатуллоҳ рӯшан ва мунаввар гарданд, амтори ғамоми раҳмат бошанд ва ашиъаи офтоби уфуқи ҳақиқат, лисони нотиқ гарданд ва фазли собиқ шаванд, чашми бино бошанд ва гӯши шунаво, дори пурбор гарданд ва гулзоре бо нафаҳоти мушкбор, амвоҷи дарёи осори қедам шаванд ва насоими гулшани Исми Аъзам, маҳбати илҳом бошанд ва машриқи анвор ва мазҳари алтофи Рабби Мухтор, дар Малаъи муқаррабин машҳур гарданд ва дар зумраи мухлисин маъдуд ва маъруф. Аз ҳарорати муҳаббатуллоҳ чун шӯъла сӯзон бошанд ва дар фирқати Ҷамоли Маннон абри гирён, ба вафои Илоҳӣ рӯяшон рӯшан гардад ва ба инояти Ҳазрати Яздонӣ дилҳошон лолазор ва гулшан. Ҳар як дар Амруллоҳ алами мубин гарданд ва дар истиқомат бар Аҳд ва Паймон ҳисни матин.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14514)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, Эй Кирдигори меҳрабон, бандагонат дар акноф ва атроф мутафарриқ ва муташаттит ва парешон, саргардон, бесару сомон, дар ҳар нафасе дар доме гирифтор ва дар ҳар явме дар буме саргардон. Ба ёди Ту дилхушанд ва ба нори муҳаббатат дар оташ, саргаштаи кӯи Туанд ва ошуфтаи мӯй ва рӯи Ту. Инояте кун ва марҳамате намо, ки кулл дар зилли мамдуд ва сояи хаймаи маҳмуд, дар таҳти ливои мақсуд муҷтамеъ гарданд ва дар ароик ва сурури мутақобилин ҷолис гарданд, ва аз коси мавҳибат нӯшанд ва аз саҳбои иноят сармаст гарданд, Туӣ Қодир ва Тавоно. Эй Парвардигор, ин сироҷҳои рӯшанро аз арёҳи имтиҳон ва ифтитон муҳофизат фармо, ва ин туюри бол ва паршикастаро дар ҳадиқаи фазл ошёна бахш, ин бенасибонро насиб деҳ ва ин дармондагонро дармоне иноят кун. Туӣ Карим, Туӣ Раҳим ва Туӣ Алим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14515)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин оворагонро ба сояи Хеш даровардӣ ва сар ва сомон додӣ, нестиро ҳастӣ додӣ ва нобудро вуҷуд бахшидӣ, ташнагонро оби гуворо додӣ ва гуруснагонро суфраи муҳанно густурдӣ, ва неъмати муҳайё ройгон намудӣ. Пас дар ҳар мавриде малҷаъ ва паноҳ бош, ва дар ҳар мақсаде муин ва мустаъон гард.Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Диҳанда, ва Шунаванда, ва Тавоно, ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14516)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори оламиён, дар ин ҷаҳон ба оташи ишқат бисӯз ва дар он ҷаҳон ба мушоҳидаи рӯи маҳрӯят комрон фармо. Дар ин олам чун шамъ бигудоз ва дар он олам чун парвона гирди шӯълаи ҷамолат парвоз деҳ. Туӣ хуҷаста дилбари ман ва Туӣ фархунда ёри ҷонпарвари ман. Вал Баҳоу алайк.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14517)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор, мурғони зорем, вале дар паноҳи Ту ошёна намудем, туюри хоксорем, вале авкори иқтидор ҷӯем, ва бепар ва болем, вале авҷи азим талабем ва рафрафи олия орзу намоем. Пас инояте мабзул фармо ва қуввате бибахш, то ҷаноҳи фалоҳ бирӯёнем ва дар ин фазои ғайримутаноҳӣ оғози парвоз кунем, ва ба Малакути Абҳоят дамсоз гардам.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14518)

Ҳувалабҳо! Эй Худои ман, ҷонам фидои аҳиббоят, ин хуни афсурдаро дар сабили дӯстонат бар хок рез, ва ин тани фарсударо дар роҳи ёронат хоки роҳ ва ғубори ақдом намо, Эй Худои ман.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14519)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор –  Омурзгорӣ, ва Эй Кирдигор –  Бузургворӣ.
Пас ёрони муштоқро баҳрае аз ишроқ деҳ ва ушшоқи рӯи Хешро партаве аз дилбари офоқ бахш, оворагони бодияи ҳиҷронро ба ҳарами висол дарор ва гумгаштагони саҳрои фироқро маҳрами ҳарами висол кун. Ошиқонро аз ҳирмон наҷот деҳ ва ошуфтагонро дар базми қурб сар ва сомон бахш, сомитонро нотиқ кун ва қонитонро умедвор фармо, бегонагонро ошно кун ва маҳрумонро маҳрами роз фармо, махмудонро барафрӯз, мунҷамидонро ба нори муҳаббатат бисӯз, тариқи ҳудо намо ва абвоби Малакути Абҳо бигшо, бунёди ҳасад ва бағзо барандоз, айвони муҳаббат ва вафо барафроз ва бечорагонро чора соз. Эй Дилбари меҳрабон, ҳар бенавое саргаштаи кӯи Ту ва ҳар мурғи бепар ва бол гирифтори мӯи Ту, ва саргашта ва саргардоне нозир ба сӯи Ту, ва ҳар сӯхтадиле ташнаи ҷӯи Ту, ва ҷаҳониён ҳарчанд ғофиланд, вале ба ҷон дар гуфтугӯи Ту, надонанд ва нашносанд, наҷӯянд ва напӯянд, вале мустаҳаққи алтофанд ва сазовори иноят ва аътоф. Эй Карим, назар ба истеъдоди ҳар сақим мафармо, ба фазли амим муомила кун ва ба нури мубин ҳидоят фармо, ёрони Хешро ёварӣ кун ва ошиқони малакути Ҷамолро башорати висол деҳ, ва дардмандони ишқро дармони дил ва ҷон бахш, ҳар якро бар хидмати остонат муваффақ кун ва дар зумраи ростон дарор, ор ва ози дӯстони ростон кун. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Тобон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14520)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ошиқонро аз бало соғари лабрез дар ком рез, ва муштоқонро дар роҳи муҳаббатат заҳри шаҳд кун ва нӯши неш намо, сарҳоро зиннати синон кун, ва дилҳоро ҳадафи саҳими беамон фармо. Ин ҷони пажмурдаро дар сабили фидо зинда фармо ва ин қалби афсурдаро ба коси ҷафо тароват ва латофат бахш, мадҳуши ҷоми аласт кун ва сармасти паймона ба даст фармо, ба ҷонфишонӣ муайяд фармо ва ба қурбонӣ муваффақ кун. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино ва Шунаво.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

МУҲАББАТ ВА МАВҲИБАТИ ИЛОҲӢ (#14521)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд, ин гумгаштагони кӯи Хешро ошиқони фориғ аз бегона ва хеш фармо. Туӣ Қодир ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

